Файзуллозода Хуршед директори “ТВ-Варзиш” ва Набизода Набӣ директори “ТВ-Синамо” таъин шуданд

Ноябрь 24, 2015 05:34

Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул ва роҳбарии муассисаҳои иттилоотию фарҳангӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт. 
Ҳамин тариқ:
— Файзуллозода Хуршед Мирзо — директори муассисаи давлатии “ТВ-Варзиш”;
— Набизода Набӣ — директори муассисаи давлатии “ТВ-Синамо”;
— Исмоилзода Зиннатуллоҳ Бурҳон директори муассисаи давлатии “Академияи васоити ахбори умум”;
— Шарифзода Манучеҳр Муртазо — директори муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ”;
— Одиназода Шоҳона Сулаймон — сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”;
— Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим — муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Бояд зикр намуд, ки то фарорасии соли 2016 дар фазои иттилооти Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизионӣ — “ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” ба фаъолият шуруъ мекунанд.
 Академияи васоити ахбори умум низ моҳҳои наздик ба кор даромада, дар таълиму тарбия ва бозомӯзии кормандони ин соҳа саҳмгузор хоҳад шуд. Бозомӯзии кормандон дар Академияи васоити ахбори умум, асосан дар ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки то имрӯз дар хориҷи кишвар омӯзонда мешаванд.  

 

Ноябрь 24, 2015 05:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст