Фарҳанги оиладориро бояд омӯхт
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Соҳиби оила шудан, ба ин олами зебо, вале пурмасъулият ворид гардидан орзуи ҳар фарди ҷомеа аст. Тантанаи ба ин рӯзи фараҳбахш расидан ҳангомае дорад бузургу нотакрор — таманноҳо, табрикоту оғӯшкашиҳо, ҳадяҳои бешумор…
Баробари ба забон овардани вожаи оила падар, модар ва фарзандонро пеши рӯ меоварем. Онҳоеро, ки бо худ месозанду мебозанд, умуман дар набарди зиндагонӣ ғарқаанд. Оре, оиларо метавон давлате номид, ки дар ҳама маврид сиёсати худро дорад. Асоси оиларо зану мард ташкил медиҳанд. Бунёди мустаҳкамии оиладорӣ ба ҳар ду, яъне зану мард вобаста аст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола маҳз ба ҳамин масъалаи мубрами рӯз диққати ҷиддӣ дода, гуфт: «Мусаллам аст ҷомеаи солим аз насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки Соли 2015 дар кишвар соли оила эълон шавад».
Аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хосса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзию маърифатпарварӣ, ҷавонмардию ахлоқи хамида, нангу номус ба воя расонидани фарзанди худ ҳамеша қӯшиш мекарданд. Дар тӯли садсолаҳо хонаводаҳои тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё оварда, ба камол расонидаанд, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башарӣ хизматҳои зиёди таърихӣ кардаанд. Мо низ гуфтаҳои Сарвари давлатамонро ҳамаҷониба тарафдорӣ менамоем, зеро бе ташкили оилаҳои хушбахт тарбияи насли наврас душвор аст.
Дар урфият гуфтаанд:
Тоҷ бар сар мекунад, зан мекунад,
Хок бар сар мекунад , зан мекунад.
Дар ин панд мазмуни бузурге ҷойгир аст. Мо дар он ақидае ҳастем, ки агар зан бе донишу фарҳанг бошад, «хок бар сар мекунад».
Хукумати кишвар ба омӯзиши ҳатмии занону духтарон дар мактабҳои миёна ва олии кишвар диққати махсус медиҳад. Агар мо ҳама кӯшиши худро бештар ба ҳамин самт равона созем, он гоҳ ҷавонзанону ҷавондухтарон дар зиндагӣ ба хатоиҳо кам рӯ ба рӯ мешаванд. Як сабаби вайроншавии оилаҳо- такя бар расму русуми зараровар-никоҳи хешутаборист. Маҳз аз ҳамин лиҳоз кӯдакони маъюб зиёд ба дунё меоянд ва дар зиндагии ҷавонон монеа ба вуҷуд меоранд. Вақте ки дар оила падару модар соҳибмаърифат бошанд, ба фарзандони худ хислатҳои ҳамидаи инсонӣ – инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, муҳаббат ба ин хоку марзу бум ва амсоли инро меомӯзонанд. Хар як тарбиятдиҳанда, оила, инчунин ҷомеаро зарур аст насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ дар оиладорӣ ба камол расонанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






