Фарзияи хадамоти кашшофии Амрико: Амалҳои террористии Париж хос ба фаъолияти созмони террористии «Ал-қоида» аст
Душанбе, 14.11.2015 (АМИТ «Ховар») — Тавре ки расонаҳои иттилоотии Русия хабар медиҳанд, хадамоти кашшофии ИМА дар содир шудани силсилаамалҳои террористӣ дар пойтахти Фаронса ва минтақаҳои гуногуни он созмони террористии «Ал-қоида»-ро гумонбар медонад. «Услуб ва тарзи содир кардани амали террористии дар Париж рӯйдода бештар хос ба созмони террористии «Ал-қоида» мебошад, на ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», — навиштааст сомонаи РИА Новости ва илова кардааст, ки ин фарзияро Хадамоти кашшофии Амрико пешбарӣ намудааст. Ҳамлаҳои дар Париж содиршуда бештар ба тарзи корбарии «Ал-қоида» монандӣ доранд, — гуфтааст намояндаи хадамоти ИМА оид мубориза бо терроризми байналхалқӣ.
Хотиррасон мекунем, ки шоми дирӯз, 13 ноябр пойтахти Фаронса- шаҳри Париж ва кулли Аврупоро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид такон доданд. Дар натиҷаи амалҳои даҳшатбори террористон зиёда аз 150 нафар ҳалок ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд. Ҳолати беш аз 40 нафар захмиён хеле вазнину бӯҳронӣ арзёбӣ мегардад. 8 террорист низ кушта шудааст. Вобаста ба ин ҳодисаҳои мудҳиш дар Фаронса вазъияти фавқулодда эълон шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






