Фонди Оғо Хон саҳмияҳои «Аввалин бонки молиявии хурд» -ро харидорӣ менамояд
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ “Ховар”). — Тибқи шартномаи басташуда байни Фонди Оғо Хон оид ба рушди иқтисод (АКФЕД) ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ), ки аъзои Бонки ҷаҳонӣ мебошад, АКФЕД тамоми саҳмияҳои КБМ-ро дар ҶСП «Аввалин бонки молияи хурд» -и Тоҷикистон (АБМХ) харидорӣ менамояд. Аз ифтитоҳи ташкили бонк дар соли 2003, АБМХ як шабакаи васеи бонкиро бо 7 филиал ва 28 маркази хизматрасонии бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар баъзе аз навоҳии дурдасти кишвар таъсис дода тавонист.
Бонк ҳоло дорои зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ мебошад. Мақсади асосии АБМХ- ин кумак ба аҳолӣ дар мубориза бар зидди камбизоатӣ бо таъмини дастрасӣ ба маҳсулоти молиявӣ ва бонкӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, таҳти сарпарастии ду саҳмдори асосӣ, яъне АКФЕД ва Фонди Оғо Хон дар Тоҷикистон (ФОХ-Т), ки ҳарду ташкилоти Шабакаи Оғо Хон оид ба рушд ҳастанд (АКДН), мебошад.
Таҳкими минбаъдаи сармоя дар оянда имконият медиҳад, ки бонк технологияи муосирро ҷорӣ намояд ва иқтидори худро барои хизматрасонии аҳолӣ васеътару устувор намояд.
«АКФЕД иҷозати Бонки миллии Тоҷикистонро барои ба даст овардани саҳмияҳои АБМХ аз КБМ гирифта, иштирок дар таҳким, рушди иқтидор ва афзоиши АБМХ-ро дар оянда умедвор аст. Ин як вақти пурҳаяҷон барои мо аст, зеро мо ба сӯи инкишофи пешниҳоди ҷолиб ва арзишманд дар Осиёи Марказӣ, ки дар оянда метавонад на танҳо дар таҳкими савдои минтақавӣ мусоидат намояд, балки ба рушди иқтисодиёти минтақавӣ оварда расонад, равонем»,-гуфт Султон Алӣ Аллана, сардори хадамоти молиявии АКФЕД.
КБМ дар тӯли 10 соли охир АБМХ-ро бо сармоя ва маблағҳои қарзӣ мунтазам таъмин менамуд, ки ин сабаби рушди устувори бонк гардид. Ин фаъолияти КБМ ба бонк барои васеъ кардани хизматрасонӣ ба соҳибкорони хурд ва миёна дар Тоҷикистон кумак расонид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






