Форуми 5-уми байналмилалии БРО дар Филиппин
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Форуми 5-уми байналмилалии Бонки Рушди Осиё (БРО) дар мавзўи «Маҳорату малака: афзалиятҳои ҷорӣ дар самти таҳсилоти касбию техникӣ ва тайёрии кадрҳо» дар шаҳри Манилаи Филиппин 1 ва 2 декабри соли 2015 баргузор хоҳад шуд.
Дар кори форуми мазкур аз ҷониби Тоҷикистон сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифӣ Усмоналӣ Ноибпур иштирок мекунад.
Бояд зикр кард, ки дар низоми вазорат 63 литсейи касбию техникӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо зиёда аз 21 ҳазор касбомўз аз рўи 90 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар назар аст, ки Латифӣ Усмоналӣ дар кори форум вобаста ба ҳамкорӣ бо Бонки Рушди Осиё оид ба масъалаҳои ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникӣ, таъмин кардани раванди таълим бо таҷҳизоту техникаи замонавии таълимӣ, аёнияту китобҳои дарсӣ сухан гӯяд. Дар форум инчунин масъалаҳои такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунанда ва муҳандисию омўзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави меъёрҳои салоҳиятноки таълим мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






