Гаравгонҳои театри «Батаклан»: Гумон мекардем амали тирпарронӣ як қисми намоиш аст

Ноябрь 14, 2015 08:46

Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). – Як қисми бузургтарин амали террористии дар таърихи Фаронса рух дода, дар театри «Батаклан» сурат гирифт. Дар ин ҳангом консерти гурӯҳи амрикоӣ бо номи  Eagles of Death Metal ҷараён дошт. Тибқи иттилои охирин, дар ҷараёни амали террористии  маргталабон 110-нафар  тамошобини театри «Батаклан»  қурбон шудаанд. Тавре  як нафар шоҳиди аслии  ин ҳодиса бо номи Нина  ба хабарнигори РИА Новости изҳор доштааст: «Мо ҳамроҳи дӯстонамон барои тамошои консерт вориди театр гардидем. Дар оғоз ҳамагон гумон карданд, ки садои тир ва даҳшатангези таркишҳо  як қисми намоиши консертӣ ҳаст, аммо баъди он, ки мо таваҷҷуҳ намудем, шахсони мусаллаҳ ва афроди аз тири онҳо ба ҳалокат расидаро дидем. Дарҳол мо худро ба рӯи фарш ҳавола додем ва террористон низ  талаб карданд, ки аз ҷойи худ такон нахурем, вагарна ҳамаро ба ҳалокат мерасонанд. Аммо онҳо ҳар самтеро, ки мехостанд мавриди ҳадаф қарор медоданд. Дар ҳама кунҷу канори толор шумораи ҷасадҳои беҷон афзудан мегирифт. Гуфтани ин ҳарфҳо барои ман ҳоло гӯё осон менамояд, вале дар он лаҳзаҳои даҳшатбор намедонистем, ки моро чӣ интизор аст. Бештар аз ним соат мо беҳаракат рӯйи фарш истодем ва то ҷое интизори марги худ будем.  Хушбахтона, ман ва дӯстонам аз дасти террористон раҳо гаштем. Моро ба ҷои амнтар бурданд ва кумаки аввалинро расониданд то ба худ биёем»- мегӯяд Нина, ҷавондухтаре, ки аз амали террористии дар  театри «Батаклан» рухдода ҷон ба саломат бурдааст.

Ноябрь 14, 2015 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ