Гаравгонгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар Мали ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст

Ноябрь 21, 2015 06:02

Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Хабари гаравгон гирифтани 170 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ дар меҳмонхонаи «Радиссон Блу»-и пойтахти Мали  шаҳри Бамако ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ба ташвиш овард. Ин ҳодиса дар ҳоле сурат гирифт, ки Шўрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи навбатии худ тамоми кишварҳои аъзоро ба муборизаи беамон бар зидди  созмонҳои террористӣ ва дар навбати аввал ДИИШ даъват намуд. Ҳамчунон таъкид гардид, ки ҳукумати кишварҳо барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандонашон ба сафи «Давлати исломӣ» тадбирҳои қатъӣ ва муассир андешанд. 
Бояд гуфт, ки расонаҳои хабарӣ ва коршиносон баъди шурўъ шудани зарбаҳои ҳавоии Русия ва кишварҳои Аврупо бар зидди созмони ДИИШ доир ба хатари дар қаламрави кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон пароканда шудани ҷангиён пешгўиҳо карда буданд. Африқои шимолӣ ва марказӣ яке аз манотиқи бештар осебпазир дониста мешуданд. Ҳарчанд ин амалиёти террористӣ зуд бартараф гардид, вале ин падида оқибатҳои ногувор ва имконияти такрор шудан дар манотиқи дигарро истисно намекунад. Масъулияти ин амалиётро созмони исломии «Танзиму муробитун» ба уҳда гирифтааст, ки муддати беш аз даҳ сол аст дар шимоли Мали фаъолият мекунад. Дар иртибот ба ин рўйдод созмонҳои дигари террористии шимоли Африқо, ба мисли «Аморати саҳро» ва «Мухтор би-л-мухтор» садо баланд карда, садоқату вафодории худро ба созмони ба ном «Давлати исломӣ» баён намудаанд ва пайравони ин гурўҳҳо дар Ливия, Алҷазоир, Нигерия ва Чад низ ба таҳрик омадаанд. Вазъияти пуршиддати ҷаҳон ва минтақа тақозо менамояд, ки мо ба масъалаҳои амнияти дохилии кишвар таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоем ва садди роҳи амалӣ шудани ҳама гуна ниятҳои зишту нопок шавем. 

Ноябрь 21, 2015 06:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст