«Гузаргоҳи сабз» ба фаъолият оғоз менамояд

Ноябрь 30, 2015 09:12

Хоруғ, 30.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар сарҳади  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҷумҳурии Мардумии Чин   «Гузаргоҳи сабз» ба фаъолият оғоз менамояд. Ин имконият фароҳам меорад, ки  додугирифти тарафайн барои   вуруд  ва судури маҳсулоти  кишоварзӣ байни ду кишвар  беҳтар ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин тавассути ин гузаргоҳ  барои вуруди маҳсулоти  кишоварзии  тезвайроншаванда ва маҳсулоти  ситрусӣ ба вилояти Бадахшон  имконияти зуд азназаргузаронии гумрукӣ  пешбинӣ шудааст. Санади фаъолияти «Гузаргоҳи сабз» зимни мулоқоти  гурӯҳи кории Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии  ВМКБ  таҳти сарварии раиси вилоят Шодихон Ҷамшед бо гурӯҳи намояндагони  Ҷумҳурии Мардумии Чин дар  шаҳраки Қаросӯи  ин давлат ба имзо расид. Ҳамчунин натиҷаи ин мулоқот  гузари  нақлиёти калони боркаш дар мавсими  зимистон дар сарҳади ду  давлат  аз шаш рӯз ба ҳашт рӯз расонида шуд. 
 Хотиррасон бояд кард, ки  гурӯҳи кории Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ   зимни ташриф ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин бо кормандони  гузаргоҳи  гумрукии Қулма, ки дар баландии 4362 м аз сатҳи баҳр қарор дорад,  мулоқот  намуд.  Ташкили ин гузаргоҳ низ  натиҷаи ҳамкории судманди ду  кишвар-  Тоҷикистону Чин буда,  имрӯз он бо тамоми  таҷҳизоти замонавӣ   таъмин мебошад.
Дар  шаҳраки Қарасу   намояндагони Ҷумҳурии  Мардумии Чин зимни  ифтитоҳи «Гузаргоҳи сабз» иброз доштанд, ки   фаъолияти ин гузаргоҳ,  пеш аз ҳама,  ба рушди иқтисодиёти ду  вилояти ҳамсоя  равона мегардад ва натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард. Кушодани ин гузаргоҳ   дар ин рӯзҳо, ки ҷаҳони муосирро   буҳронҳо   фарогир  мебошанд,  басо  муҳим аст. Ҳамчунин  намояндаи   хадамоти гумруки   Ҷумҳурии  Мардумии Чин    Хуан Чин  Чан  иброз дошт, ки   кушодашавии «Гузаргоҳи сабз»  на танҳо   додугирифтро дар  табодули   маҳсулоти кишоварзӣ беҳтар менамояд, балки дӯстии мардумони ду кишварро  низ  тақвият мебахшад.
   Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед  гуфт,. ки  Ҷумҳурии  Мардумии Чин    барои давлати  Тоҷикистон  ҳамсояи нек мебошад  ва  ин ҳамкорӣ  мардуми ду кишвари ҳамсояро  наздиктар  месозад. 

Ноябрь 30, 2015 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд