Хабари ВАО дар бораи наҷот ёфтани яке аз аз сарнишинони ҳавопаймои сарозершудаи Су-24
Душанбе, 25.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳарбиёни Сурия яке аз сарнишинони ҳавопаймои бомбаандози Су — 24 — ро, ки Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Туркия ба нишон гирифта буданд, ба ҷойи дигар кӯчониданд. Мувофиқи маълумоти шабакаи Al Mayfdeen, ҳоло ӯ дар пойгоҳи ҳавопаймоии Ҳмеймим, ки авиатсияи Русия дар он ҷо мустақар аст, қарор дорад.
Хабар дода мешавад, ки сарнишини дуюми ҳавопаймои бомбаандози сарозершудаи Су — 24 — ро ҳарбиёни Сурия ба ҷойи дигар бурдаанд. Қаблан дар Вазорати мудофиаи Русия хабар доданд, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ баъди «оташфишонӣ аз замин» яке аз халабонҳо ҳалок шудааст.
Мувофиқи маълумоти шабака, ҷустуҷӯи сарнишин шаш соат давом кард. Баъди ин низомиёни Сурия тайи ду соат ӯро аз ақибгоҳи шӯришгарон бароварда, бо роҳи ҳавоӣ ба пойгоҳи Ҳмеймими Латакия бурданд. Ҳоло ӯ дар ҷойи бехатар қарор дорад.
Шоми рӯзи сешанбе Вазорати мудофиа хабар дод, ки яке аз сарнишинони ҳавопаймои дар сарҳади Сурияю Туркия сарозершудаи Су — 24 ҳалок гардидааст. Пеш аз ин намояндагони вазорат мегуфтанд, ки ҳар ду сарнишин худро ҳаво додаанд. Намояндаи гурӯҳи туркманҳо дар баробари ин хабар дод, ки қувваҳои шӯришгар сарнишинонро ҳангоми бо парашутҳо фуруд омаданашон парронданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






