Хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба давлат ҷарима месупоранд

Ноябрь 5, 2015 06:45

Қӯрғонтеппа, 05.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Хатмкунандагони Донишгоҳи  давлатии Қӯрғонтеппа  ба  номи  Носири  Хусрав, ки   бандҳои  шартномаи бо донишкадаи олӣ  бастаашонро  риоя  накардаанд, маблағи барои таҳсил  аз  буҷети давлат  сарфшударо бармегардонанд. 
Тавре  ки ректори   донишкадаи олӣ  Маҳмад  Шодиев   хабар  дод,  соли  2011  нисбат  ба  19  нафар  хатмкунандагон  дар  бораи  риоя  накардани  талаботи   шартномаи  байни   донишкадаи  олӣ ва  донишҷӯён даъвономаҳо ба  суд   пешниҳод  шуда,  нисбат  ба қонуншиканон  ба  маблағи 73  ҳазор  сомонӣ  ҷарима  баста шуда буд.
Соли  2014  маблағи  умумии  ҷарима  236  ҳазору 129  сомониро  ташкил  дод. Ҳамаи хатмкунандагоне, ки маблағҳои ҷаримаро пардохтаанд,  бандҳои шартномаро  инкор намуда, бо роҳхати  донишкадаи олӣ  ба  кор  ҳозир нашуданд. 
Мувофиқи  ҳисобот,  имсол   аз  ҷумлаи  265  нафар  хатмкунандагони  донишкадаи олӣ  фақат  210  нафарашон  бо роҳхати донишгоҳ  ба  кор  шурӯъ  намуданд. Ҳоло сабабҳои  ба  кор набаромадани онҳо  маълум  карда  мешавад.
Қобили  зикр  аст, ки  маблағи   ҷаримаро  суд таъйин  карда  ва  он  ба  хазинаи  давлат  баргардонида  мешавад.

Ноябрь 5, 2015 06:45

Хабарҳои дигари ин бахш