Хуҷанд: “Дарёи муҳаббат” ҷамъбаст гардид

Ноябрь 23, 2015 11:45

Хуҷанд, 23.11.15. (АМИТ «Ховар»). -Дар Хуҷанд  вобаста ба эълони  “Соли 2015 — соли оила”шурӯъ аз моҳи апрел баҳри тарғиби арзишҳои оила ва оиладорӣ озмун-маҳфили “Дарёи муҳаббат” баргузор гардид. Он дар ду марҳила, давраи аввал дар маҳаллаҳо ва дуввум озмуни шаҳрӣ гузаронида шуда, дар умум  17 оила иштирок намуд ва 6 оила ба даври ҷамбастӣ роҳхат гирифт. 
22-юми ноябр даври ҷамъбастии озмуни шаҳрӣ доир гашт. Марҳилаи ниҳоӣ аз рӯи  шартҳои зерин, чун пешниҳоди албоми авлодӣ ба таври слайд, ё видеофилм аз беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти оила, насиҳати падару модар ба фарзанд, изҳори муҳаббати фарзанд нисбат ба волидон, намоиши саҳначаи тарбиявӣ дар мавзуъҳои гуногуни оила ва намоиши ҳунари эҷодӣ ва дарёфти ҳалли муаммоҳои оилавие, ки аз тарафи ҳакамон пешниҳод гардиданд, гузаронида шуд. 
Дар ҷамъбаст тибқи маълумоти ҳайати ҳакамон, ҷойи сеюм ба оилаҳои  Қосимовҳо ва Норматовҳо бо мукофотпулии 500 сомонӣ барои ҳар як оила, ҷойи дуюм ба оилаҳои Каримбоев ва Неъматҷоновҳо бо мукофотпулии ҳазор сомонӣ ва  ҷойи якум ба оилаи Холматовҳо бо мукофотпулии ду ҳазор сомонӣ муносиб дониста шуд.
Унвони “Оилаи беҳтарини шаҳри Хуҷанд” ва “Шоҳҷоиза” ба оилаи Қодировҳо аз маҳаллаи “Сари баландӣ” лоиқ дониста шуда, ба онҳо се ҳазор сомонӣ, мукофоти арзишманд ва Дипломи озмуни “Дарёи муҳаббат” супорида шуд.

 

 

Ноябрь 23, 2015 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ