Хуҷанд: иҷрои нақшаи таъмири роҳҳо зиёда аз 107% иҷро гардид
Хуҷанд, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Хуҷанд-маркази Суғд дар даҳ моҳи соли равон иҷрои “Барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод», ки бо мақсади таъмиру навсозӣ ва беҳтар намудани ҳолати роҳҳои ҳудуди вилоят қабул шудааст, ба андозаи 107,3 фоиз иҷро гардид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи нақлиёт ва алоқаи мақомоти шаҳрӣ иттилоъ доданд, соли равон дар шаҳри Хуҷанд таъмири 57,1 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, иҷрои он то нимаи аввали моҳи ноябр ба 61,25 км расидааст, ки ин нишондиҳанда барзиёд мебошад.
Аз ҷумла, то 10 ноябр мутобиқи маълумоти шуъбаи мазкур ба ҷойи 39,1 км дар масоҳати 40,1 км корҳои таъмири кулл ва ба ҷойи 18 км нақшавӣ дар масоҳати 22 км таъмири ҷорӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ҳоло дар панҷ кӯчаи шаҳр корҳои мумфаршкунӣ идома дошта, кормандони муассисаи давлатии истифодаи роҳхои Хуҷанд ният доранд то интиҳои ҳафтаи нав таъмири кӯчаҳои мазкурро аз таъмир бароранд.
Дар умум то аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар миқёси вилояти Суғд дар доираи Барномаи вилоятии «Соли 2015 — идомаи соли роҳҳои обод» ҳолати 3344 км роҳҳои шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардидааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






