“Хуҷандатлас” азм дорад шӯҳрати атласи Хуҷандро эҳё намояд

Ноябрь 26, 2015 08:58

Хуҷанд, 26.11.2015. (АМИТ “Ховар”).- Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва ҷомеаи меҳнатии коргоҳи “Хуҷандатлас” азм доранд шуҳрати атласи Хуҷандро аз нав боло бардоранд. 
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази иттилоотии мақомоти шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Дадобоев хабар дод,  дирӯз бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъ ва фаъолияти имрӯзаи коргоҳи «Хуҷандатлас» раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ  бо роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини корхонаи коркарди пиллаи «ВЕТТОҶ» аз коргоҳи «Хуҷандатлас» дидан кард. 
Ҳоло дар корхонаи «Хуҷандатлас» бинобар маҳдудияти ашёи хом- абрешим теъдоди маҳдуди кормандон фаъолият доранд.
Новобаста ба ин, то имрӯз маҳз бо кӯшиши роҳбарияти корхона истеҳсоли беш аз 30 намуди атласи машҳури Хуҷанд имкон дошта, барои таҳияи нақшу намудҳои нави атлас  корҳо  идома доранд.
Дар коргоҳи мазкур беҳтарин кормандону ҳунармандони атласбарорӣ, аз қабили «Абрбандон», «Қаткушоён», «Йормачиён» ва бофандагон ба кор ҷалб шуда, бо дастони моҳири онон сатҳу сифати атласи хуҷандӣ беҳтар мегардад.
    Баъди шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ раиси шаҳри Хуҷанд бо мутасаддиёни соҳа ҷаласаи корӣ доир намуд.   Зимни машварати корӣ шаҳрдор таъкид намуд, ки имрӯз барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои «Хуҷандатлас» ва «ВЕТТОҶ» таъмини саривақтии онҳо бо ашёи хом, таҳияи  дурнамои муштарак, тарғиби атласи ватанӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарғиботӣ бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари харидорон ва ҳаводорони матои атлас  тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
   Раҷаббой Аҳмадзода баргузории фестивал-озмуни беҳтарин тарроҳон ва дӯзандагони либоси миллиро бо истифодаи матои атласи истеҳсоли Хуҷанд мувофиқи мақсад арзёбӣ намуда,  барои ташкили мағозаҳои махсуси фурӯши матои атласи Хуҷанд дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа дастур дод. 

 

Ноябрь 26, 2015 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ