Имзои Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ноябрь 20, 2015 09:03

Душанбе, 20.11.2015 (АМИТ «Ховар»).  Дирўз дар шаҳри Душанбе байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар асоси Созишнома дар заминаи  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта таъсис ёфта, ба ин васила робитаи ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта бо мақомоти давлатӣ мустаҳкам мегардад. Ҳамзамон тибқи созишномаи ҳамкорӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро таъсис дода, ҳамгироии фаъолияти онро бо созмонҳои «Ахтарон» ва «Ворисони Сомонӣ» дар мувофиқа бо вазорат таъмин намуда, фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва таъсирбахш дастгирӣ менамоянд. 
Илова бар ин, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз ҷониби кумита ҳамоҳанг шуда, нақшаҳои кории онҳо аз ҷониби ин мақомот тасдиқ ва бо баргузории ҷаласаҳои ҳармоҳа фаъолият дар ин самт натиҷагирӣ мешавад.
Ба имзо расидани созишномаи мазкур шаҳодати  иқдомоти ҷиддии Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти пешбурди фаъолияти якҷоя дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

 

Ноябрь 20, 2015 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ