Ҷиргатол: ҷамъомади идона ба шарафи ҷашни Сарқонун
Ҷиргатол, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол ҷашни 21-умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, зиёиён, донишҷӯён ва аҳли ҷамъияти ноҳия иштирок доштанд. Раиси ноҳия Умедхочаи Зоир сокинони ноҳияро бо солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, гуфт, ки Сарқонуни кишвар барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули ҳар фард заминаи мустаҳкам мегузорад.
Дар ҷамъомад прокурори ноҳия Давлатзода Маҳмудҷон, раиси Суди ноҳия Хидирзода Батир, намояндаи Кумитаи минтақавии зидди маводи нашъаовар Маҳмаднаим Маризоев ва донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ноҳия Зулфизар Тиборов дар бораи аҳамияти муҳими Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои судманд гуфтанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






