Исфара: Парчами давлатӣ баёнгари соҳибистиқлолии мамлакат аст
Исфара, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Исфара бо роҳпаймоӣ шурӯъ гардид.
Аз субҳи барвақт сокинони сершумори шаҳр бо парчами давлатӣ ва шиору навиштаҷоти васфкунандаи соҳибихтиёрии милливу давлатӣ ва ифтихор аз ватандорию нишоту шодмонӣ ба сӯи маркази чорабиниҳо равона мешуданд.
Тантанаи идона дар майдони Имоили Сомонӣ бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои маориф ва собиқадорон сурат гирифт.
Иштирокдорон баён доштанд, ки: «24-уми ноябр барои тоҷикону тоҷикистониён на танҳо рӯзи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, балки ҳамчунин санаи гиромидошти арзишҳои деринаи таърихию фарҳангӣ ва маънавии миллӣ, гузашта аз ин, рӯзи эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






