Иштироки ҳайати парлумонии кишвар дар ҷаласаи Шӯрои АП СААД
Душанбе, 26.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар қасри Таврическии Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ баргузор гардид, ки дар он ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иштирок намуд.
Дар ҷаласаи Шӯро дар баробари аъзои Шӯро, ҳайатҳои парлумонҳои давлатҳои иштирокдори Ассамблеяи Парлумонии СААД, ҳайатҳои парлумонҳои Афғонистон, Покистон, Эрон, Чин, Сербия ширкат варзиданд.
Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД масъалаҳоеро, ки ба баррасии Ассамблеяи Парлумонии СААД пешниҳод мешаванд, мавриди муҳокима қарор дод. Аз ҷумла, дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи мушовараи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои парлумонҳои давлатҳои иштирокдори СААД оид ба мудофиа ва амният ва мониторинги ҳолати ҳарбӣ-сиёсии амнияти дастаҷамъии СААД дар минтақаи Осиёи Марказӣ, доир ба иштироки намояндагони Ассамблеяи Парлумонии СААД дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, интихоботи вакилони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, оид ба натиҷаҳои иҷлосияи сентябрии (соли 2015) Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва натиҷаҳои фаъолияти кунунии созмон дар мубориза бар зидди даъватҳо ва таҳдидҳоро баррасӣ намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






