Иштироки Сафири Тоҷикистон дар маросими гулгузорӣ дар боғи Тиргартени Берлин

Ноябрь 12, 2015 11:55

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 11 ноябри соли равон Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов якҷоя бо сафирони кишварҳои узви ИДМ дар маросими гулчанбаргузорӣ бахшида ба 70 — солагии ифтитоҳи маҷмааи ҷанговарони Иттиҳоди Шӯравӣ дар боғи Тиргартени шаҳри Берлин иштирок намуда, ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гулчанбар гузошт. 
Маҷмааи ҷанговарони Иттиҳоди Шӯравӣ бо тасвири аввалин муҷассамаи аскари шӯравӣ дар шаҳри Берлин 70  сол пеш- 11 ноябри соли 1945 ботантана ва баргузории паради ифтихории неруҳои иттиҳод ифтитоҳ шуда буд ва он ҳамзамон оромгоҳи зиёда аз 2000 аскари сурх мебошад.

Ноябрь 12, 2015 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ