Истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфт

Ноябрь 4, 2015 02:54

Душанбе. 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Соҳаи саноати ангишт  ҳамчун воситаи энергетикӣ ба ҷои гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ талаботи иқтисодиёти ҷумҳуриро таъмин менамояд ва суръати истеҳсолот дар саноат ва муассисаҳои соҳаи энергетика ба он вобастагии зич пайдо кардаасту он имрўз  дар рушди хоҷагии халқи мамлакат мавқеи муҳимро соҳиб шудааст. 
Дар айни замон зиёда аз 200 корхонаи соҳаҳои саноат, марказҳои барқу гармидиҳӣ, дегхонаҳои хоҷагиҳои коммуналӣ   ба ҷои гази табиӣ ва сўзишвориҳои моеъ ангиштро ҳамчун сўзишвории алтернативии технологӣ истифода мебаранд. Ин тадбир вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ аз байн бурд. 
Аз ин ҷиҳат корхонаҳои соҳа дар назди Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат масъулиятро бештар дарк намуда, дар арафаи ҷашни 21 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷи ангиштро ба 885 ҳазор тонна расониданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 183 ҳазор тонна ва нисбат ба ҷамъбасти соли 2014 10 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт 782 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти фаврии вазорату идораҳои дахлдор, талаботи муассисаҳои буҷавӣ дар соли ҷорӣ пурра таъмин шуд.
Захираи ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши корхонаҳо  то 3 ноябри соли 2015  194 ҳазор  тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳоло истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба ҳисоби миёна 3000-4500 тоннаро ташкил медиҳад. Муштариён метавонанд ангиштро аз нуқтаҳои махсуси фурӯш  ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт дастрас намоянд.

 

Ноябрь 4, 2015 02:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ