КМТ: Конфронси илмӣ ба ифтихори 80- солагии китобшиноси маъруфи тоҷик
Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-18- уми ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷойгоҳи библиография дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мегардад. Конфронс ба 80- солагии зодрӯзи китобшиноси маъруфи тоҷик Раҳимҷони Шарофзода бахшида мешавад. Бояд гуфт, ки дар конфронс директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода сухан гуфта, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар мавзӯи «Зиндагинома ва фаъолияти илмӣ- таҳқиқотии Раҳимҷони Шарофзода», мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафар Шосаидов доир ба мавзӯи «Саҳми Раҳимҷони Шарофзода дар ҳалли масоили китобдории даврони истиқлол» маърӯза мекунанд. Дар анҷом осори Раҳимҷони Шарофзода ба намоиш гузошта хоҳад шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






