Конфронси илмӣ-амалии «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» дар Душанбе оғоз шуд
Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд ва ин лаҳзаҳо идома дорад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт: «Яке аз зуҳуроти нангину хатарноки ҷаҳони имрӯза гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва тақлид ба расму ойин ва тарзи либоспӯшии бегона мебошад, ки наврасону ҷавононро аз асолати миллӣ дур месозанд. Ҷавонони мо бо он ғурур ва эҳтироми бузурге, ки ба арзишҳои миллӣ доранд, бояд намуна бошанд ва бар зидди таъсири манфии падидаҳои бегона ва умуман бегонапарастиву тақлидкорӣ мубориза баранд».
Ҳамоишро Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ ташкил намудааст. Дар конфронс маърӯзаҳо дар мавзуъҳои «Ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ», «Хатари ба ном «Давлати исломӣ» барои идеологияи миллӣ», «Ҷанбаҳои таърихии илоҳиёти сиёсии салафият ва мушкилоти идеологии равандҳои миллатсозӣ дар олами муосири ислом», «Низоъҳои динию мазҳабӣ: сабаб, вазъ ва роҳҳои ҳалли он», «Арзишҳои миллӣ ва динӣ дар адабиёт» аз ҷониби олимону сиёсатшиносон шунида хоҳанд шуд.
Баъди нисфирӯзӣ кори конфронси илмӣ дар ду бахш- бахши якум «Ҷанбаҳои назариявӣ ва ҳуқуқӣ-сиёсии муносибати миллат ва дин» ва бахши дуюм, ки «Таносуби унсурҳои миллӣ ва динӣ дар ҳаёти ҷомеа» номгузорӣ шудааст, идома меёбад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






