Конибодом: маҳфили “Оилаи намунавӣ”

Ноябрь 16, 2015 11:10

Конибодом, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз вобаста ба эълони “Соли оила” дар шаҳри Конибодом таҳти унвони  “Оилаи намунавӣ” бо иштироки оилаҳои беҳтарину намунавӣ, фаъолон, бонувони рӯзгордидаву соҳибҳунар ва оилаҳои ҷавони дорои касбҳои гуногун озмун-маҳфили судманд доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” масъулин аз маркази матбуотии мақомоти шаҳри Конибодом иттилоъ доданд.  Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ- ин пешгирии вайроншавии оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон, барҳам задани никоҳи хешутаборӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва  тарғиби ҳаёти ибратбахши оилаҳои намунавӣ буд.  
Дар чорабинӣ 6 оилаи беҳтарину намунавӣ гули сари сабади маҳфил интихоб гардида, оид ба сирри хушбахтии оилавӣ ва тарбияи фарзандон суҳбатҳои гарму самимӣ карданд.
Оилаҳо аз рӯйи шартҳои озмун оид ба ҳаёту рӯзгори оилавӣ наворҳои муаррифӣ, сурат-слайдҳо аз лаҳзаҳои хотирмони кориву оиладорӣ, саҳначаҳо аз рӯзгори оилавӣ пешкаш намуда, ҳамчунин ба саволҳои ҳакамон оид ба оиладорӣ посух гуфтанд.
Дар фарҷоми маҳфил, аз ҷониби аъзои ҳакамон ба оилаҳо аз рӯйи истеъдоду маҳораташон унвони «Оилаи эҳёгари анъанаҳои миллӣ», «Оилаи эҷодкор», «Оилаи ҳунарманд» , «Оилаи ҷавони намунавӣ»  ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Ноябрь 16, 2015 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ