Конститутсия- ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ дар фазои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи башарӣ

Ноябрь 4, 2015 11:29

Душанбе, 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Кониститутсия (Сарқонун) ҳамоиши илмию оммавӣ бо  иштироки олимон, коршиносон ва омӯзгорону донишҷӯён доир гардид. Директори  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода оид ба таърихи Сарқонуни кишвар ва моҳияти он сухан кард. 
Академик Носирҷон Салимов Сарқонунро асоси пешрафту созандагӣ ва оромию  осудагии кишвар маънидод намуда, таъкид дошт, ки бояд ҷавонон ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ, ободкориву созандагӣ ва риояи қонунҳо тарбия намуд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Низом Қосим Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабирро нахустҳуҷҷат дар таърихи низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодии виҷдон, ҳуқуқ ва дахлнопазирии манзил ва татбиқи он арзёбӣ намуд. Ў баён дошт, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати воқеии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин намудааст.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аҳтам Абдуллозода ёдовар шуд, ки дар  саҳифаҳои таърих номи ҳар халқу миллат тавассути илму фарҳанг ва санъату ҳунари волою мақомаш сабт мешавад. Дорои таъриху маданият ва санъату адабиёти бою қадимӣ будани халқи тоҷик ба оламиён маълум аст. «Дар ин замина моро зарур аст, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон  таърихи гузаштагонамонро омўзем ва ояндаамонро бо дасти ҷавонон ободу зебо намоем»,-илова намуд А.Абдуллозода. 
Таҳлилгари масоили сиёсӣ Абуғаффори Камол  Конститутсияро  ҳамчун ҳуҷҷати сиёсию ҳуқуқӣ дар фазои сиёсию иҷтимоии ҷомеаи башарӣ  маънидод кард, ки  соли 1787 дар ИМА ба вуҷуд омада, дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши аввалиндараҷаро ба зимма гирифт. Номбурда ёдовар шуд, ки  дар сурати риояи бечунучарои қонунҳо мо метавонем адолати иҷтимоиро дар ҷомеа ба таври ҳақиқӣ ҷорӣ намоем. 

 

Ноябрь 4, 2015 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ