Ливоят парфишон бодо ҳамеша дар фазои сулҳу ваҳдат!
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ ҷашн гирифтани он, имрўз, 24 ноябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини якуми вазир Эмин Сангинзода изҳор кард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






