М.Ҷабборӣ: “Сино нахустин бор сохти чашмро таҳқиқ намуда, ҷарроҳии аввалини чашмро низ маҳз ӯ гузаронидааст”
Душанбе, 26. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-«Маҳз ба хотири рушди соҳаи офталмологияи тоҷик бо ҳидояти Сарвари давлат ва бо назардошти коҳиш додани шумораи бемороне, ки барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар мерафтанд, мо тасмим гирифтем, ки дар ҳудуди кишварамон тамоми заминаҳои заруриро барои воридоти усулҳои муосири хизматрасонии беморони чашм фароҳам оварем»,-гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Нусратулло Салимзода дар якумин анҷумани офталмологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 26 ноябр дар Маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат”ба кори худ оғоз кард.
Бино ба гуфтаи вазир, дар ҳамин радиф маблағгузории давлатии соҳаи тандурустӣ зиёда аз 25 маротиба афзун гардида, ба ин васила муассисаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи бемориҳои чашм бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису муолиҷа таъмин гардида, сифати хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Муовини Сарвазири ҶТ Марҳабо Ҷабборӣ ҳозиринро бо якумин анҷумани офтолмологон табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар таърихи соҳаи тандурустии офтолмологияи Тоҷикистон ҳам дар даврони шӯравӣ ва ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ ин нахустин анҷуман мебошад. «Ин анҷуман аз нақши хосаи соҳаи тандурустӣ дар сиёсати созандаву бунёдкории Ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳад. Имрӯз бо ифтихор бояд зикр намуд, ки дар дунё нахустин бор сохти чашмро Абӯали ибни Сино таҳқиқ намуда, нахустин ҷарроҳии чашмро маҳз ӯ гузаронидааст»,- таъкид дошт М.Ҷабборӣ.
Бояд гуфт, ки дар кори анҷуман беш аз 600 намоянда, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, меҳмонон аз Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Эрон ва дигар давлатҳо, инчунин ҳамаи мутахассисони соҳаи офталмологияи ҷумҳурӣ иштирок доранд.
Дар ҷараёни анҷуман баррасии дастовардҳои офталмологияи Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи ворид намудани технологияҳои муосир ба соҳа, роҳандозии ташхису табобати муосир ва ҷарроҳиҳои гаронарзиши чашм дар назар аст.
Дар анҷуман намоишгоҳи маводи доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ, дастовардҳои асосии соҳа, адабиёти махсус ва маҳсулоти таъйиноти тиббӣ ба маъраз гузошта шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






