Мақсади «Ирон-ЭКСПО-2015» дарёфти шарикон, ҷалби сармояи хориҷӣ ва воридоти технологияи ҷадид арзёбӣ гардид
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ Ховар).-21-уми ноябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи навбатии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «Ирон-ЭКСПО-2015» ба кори худ шуруъ кард. Намоишгоҳ содиркунандаву истеҳсолкунанда, таъминкунандаю дархосткунандагони молу маҳсулот ва хизматрасониҳоро аз Эрон ва Тоҷикистон ба ҳам овард.
Дар намоишгоҳ наздики 50 ширкату корхона, ассотсиатсия ва ҷамъиятҳо аз музофоти гуногуни Эрон ширкат намуда, маҳсулоти худро дар бахшҳои технологияи муосир, масолеҳи сохтмонӣ, саноати дастӣ ва озуқаворӣ пешниҳод мекунанд.
Мақсади асосии намоишгоҳ барқарор намудани алоқаи бевосита миёни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда, омӯзиши иқтидори бозори тоҷик, барқарор намудани равобити бевосита миёни соҳибкорони тоҷику эронӣ, дарёфти шарикон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисодиёт ва воридоти технологияи ҷадид барои бунёди корхонаҳои муштарак арзёбӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ захирахову имкониятҳои зиёд ва барои сармоягузорӣ шароитҳои мусоид дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 150 ширкату соҳибкори эронӣ фаъолият мекунанд. Дар доираи рушди соҳаҳои иктисодиёти тарафайн байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶИЭ бештар аз 100 созишнома ба имзо расидааст. Натиҷаи ҳамин ҷамкорист, ки дар соли 2014-ум ҳаҷми муомилоти мол 228 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки он 4 дарсади савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Намоишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон «Иран-ЭКСПО-2015» то 24-уми ноябр идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






