Маорифчиён сазовори нишон гаштанд
Душанбе, 5. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 21-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар кормандони соҳа чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид иштирокдоронро бо ин санаи таърихӣ муборакбод гуфт. Муовини вазир Фатҳиддин Исмонов дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърўза карда, оид ба дастовардҳои соҳаи маориф дар тўли 21 сол-аз қабули Сарқонун то имрўз маълумоти муфассал дод.
Инчунин сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот Сайвалӣ Қодиров дар мавзўи «Асосҳои Конститутсияи миллӣ ва заминаҳои таъсисёбии давлатдории навин», мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсияи вазорат Ҷаҳонгир Бобоҷонов дар мавзўи «Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ» маърўза намуданд.
Бахшида ба таҷлили Сарқонуни кишвар ба як гурӯҳ кормандони соҳа нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм тақдим шуданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






