Машварати коршиносони Тоҷикистону Русия

Ноябрь 4, 2015 07:02

Душанбе, 04.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  шаҳри  Маскав  даври  якуми  машварати   коршиносони  Тоҷикистону  Русия   барои  муҳокимаи  лоиҳаи   шартномаи  миёни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Федератсияи  Русия  дар  бораи  ҳамкорӣ  дар  бахши  таъминоти иҷтимоӣ  баргузор  гардид.
Аз ҷониби  Тоҷикистон  дар  Машварат  муовини  якуми  директори  Агентии  суғуртаи  иҷтимоӣ  ва  нафақаи  назди  Ҳукумати  ҶТ Назокат  Одиназода,  сардори  шуъбаи  Раёсати муносибатҳои  байналмилалии  Вазорати  адлияи  ҶТ,  роҳбари  намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва шуғли  аҳолии ҶТ  оид  ба  муҳоҷират  Зоҳир  Мирзозода  ва  кормандони  масъули   сафорати  ҶТ  дар  ФР ширкат  доштанд. 
Роҳбарии  гурӯҳи  коршиносони  Русияро  муовини  директори Раёсати таъмини  нафақаи  Вазорати  меҳнат  ва таъминоти  иҷтимоии  ФР Светлана  Комарова,  ҳамчунин  намояндагони  бунёди  нафақаи  ФР,  ВКХ ФР  ва  сохторҳои  дигари  касбӣ  ба  ӯҳда доштанд. 
Ёдовар  мешавем, ки  лоиҳаи  шартномаи  мазкур мутобиқи  бандҳои  7 ва  8  Созишномаи байни  Ҳукумати  ҶТ  ва  Ҳукумати  ФР дар  бораи  фаъолияти  меҳнатӣ ва  ҳифзи  ҳуқуқии  шаҳрвандони  ҶТ  дар  ФР ва шаҳвандони  ФР  дар  ЧТ  аз  16  октябри  соли  2004  ва Протоколи ҷаласаи  13  комиссияи  байниҳукуматии  Тоҷикистону  Русия оид ба  ҳамкории  иқтисодӣ  таҳия  гардида,  ҳалли  масоили  марбут ба шаҳрвандони  ҶТ дар  ФР  ва шаҳрвандони ФР дар  ҶТ  бо  нафақаро дар назар  дорад. 
Ҷонибҳо аз рӯи  натиҷаи  машварат протоколро  ба  имзо расонданд,  ки  дар  он  пешниҳод  ва  фикру  мулоҳизаи  ҷонибҳо ба  мадди  назар   гирифта шудааст.

Ноябрь 4, 2015 07:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ