Минтақаҳои рушдкарда- омили заминавӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Душанбе, 25. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳҳои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар ҶТ барои давраи то соли 2030» имрӯз, 25 ноябр дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард. Конфронс аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ баргузор гардид.
«Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030» барои заминасозӣ ва тарҳрезии рушди маҳал ҳуҷҷати стратегӣ ба ҳисоб рафта, кумита ҳамчун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи рушди маҳал татбиқ менамояд.
Дар конфронс намояндагони ҳукумат, корпусҳои дипломатӣ, ташкилоти байналмилалӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо иштирок доранд.
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ Қосим Роҳбар зимни суханронӣ изҳор дошт, ки рушди маҳал барои ҳар як кишвар ин нишондиҳанда ва мизони самаранокӣ ва рушди умумимиллӣ ба шумор меравад. Минтақаҳои рушдкарда барои ҳар як давлат яке аз омилҳои заминавӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шумор мераванд.
«Ба ҳамагон маълум аст, ки мо дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ зиндагӣ дорем. Нақши таъминоти иттилоотии мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар давраи муосир тақозогари он аст, ки ин унсур ва махсусан ташаккули ҳукумати электронӣ дар маҳал ба таври касбӣ барои амалӣ намудани аркони он мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, ба амалӣ намудани он дар маҳал мусоидат менамояд»,-илова намуд Қосим Роҳбар.
Яке аз мақсадҳои баргузории конфронси имрӯза- ин мушаххас намудани мавқеъҳои ташкилии мақомоти марказию маҳаллӣ оид ба амалӣ намудани марҳилаҳои ислоҳотиест, ки дар Консепсия дарҷ шудаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






