Мизи гирд: «Беҳдошти солимии модару кӯдак: дастовардҳо, мушкилот ва нақшаҳои оянда»

Ноябрь 13, 2015 08:44

Душанбе, 13. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар  маҷмааи «Душанбе Плаза» бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Беҳдошти солимии модару кӯдак: дастовардҳо, мушкилот ва нақшаҳои оянда» баргузор гардид.
Муовини  якуми вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола  Бобоҳоҷиева вобаста ба солимии занону кӯдакон сухан карда,  мушкилоти соҳаро таъкид дошт.  Дар чорабинӣ намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоти байналмилаливу ҷамъиятӣ ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ муаррифии мавзӯъҳои судманд, аз ҷумла «Дастовардҳои кишвар ва мушкилоти ҷойдошта дар беҳдошти солимии модару кӯдак», «Таҳияи барномаҳо оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим барои мактаббачагон», «Маблағгузориҳои дарозмуддат  барои саломатии модар ва наслҳои оянда» садо доданд. Ҳамчунин, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Шамсиева оид ба ҳалли масъалаҳои солимии занон сухан гуфта, аз мушкилот дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак ёдовар шуд.

Ноябрь 13, 2015 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд