Моҳрў Ҳалимова натавонист аз Дилшод Назаров пеш гузарад
Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»). — АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи давлатдории миллӣ дониста мешавад, таҳти унвони «Беҳтарин парчамбардори Тоҷикистон дар соли 2015 кист?» миёни хонандагони сомона назарпурсӣ анҷом дод. Дар давоми ду ҳафта дар назарпурсӣ 185 нафар иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки номзадҳо ба гирифтани унвони парчамбардори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2015 панҷ варзишгар- Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Хуршед Маҷидов ва Моҳрў Ҳалимова буданд, ки ҳар яке аз ин варзишгарони бонангу номус дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро бо ифтихор боло бардоштаанд. Ҳамчунин таъкид мебояд кард, ки ин назарпурсӣ ва пешбарии номзадҳо шартӣ буда, ҳеҷ варзишгари дигарро набояд озурдахотир гардонад, зеро нишондиҳандаи муҳим барои ҳар як варзишгар иштирок кардан дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар чунин мусобиқаҳо мебошад. Назарпурсӣ маъруфияти варзишгарро миёни хонандагони ВАО нишон медиҳад.
Ҳамин тавр, аз 185 овоздиҳанда дар бахши тоҷикии сомонаи «Ховар» аз ҳама бештар Дилшод Назаров овоз гирифтааст (48%). Дар ҷойи дуввум Комроншоҳи Устопириён (29%), ҷойи сеюм Мавзуна Чориева (15 фоиз), ҷойи чорум Моҳрў Ҳалимова (5 %) ва дар ҷойи панҷум Хуршед Маҷидов қарор гирифтанд.
Дар назарпурсии бахши русӣ 53 %-и овозро Дилшод Назаров, 21 % Комроншоҳи Устопириён, 14 фоиз Мавзуна Чориева, 8 фоизи овозро Хуршед Маҷидов ва 4 фоизро Моҳрў Ҳалимова касб карданд.
Ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ ҳамватанони азизро табрик гуфта, дасти ҳама варзишгарони мамлакатро, ки парчамбардорони миллату давлат ҳастанд, самимона мефишорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






