Модари Асна Аитбуласен: духтарам қурбонии мағзшӯии ифротгароён шуд
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ Ховар).- Модари Асна Аитбуласен — зани 26-солаи маргталабе, ки ҳангоми амалиёти махсуси полис дар шаҳри Сан-Дении атрофи Париж тавассути камарбанди маргбор худро тарконид, ба ВАО гуфтааст, ки духтари ӯ қурбонии мағзшӯӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ин зани маргталаб хоҳарзодаи сарпарасти амалҳои террористии Фаронса Абдулҳамид Абауд будааст, ки ахиран дар як амалиёти зиддитеррористии полиси Фаронса маҳв карда шуд.
Тибқи гузориши рӯзномаи «Times”, Асна ҳанӯз як сол пеш бештари вақти худро дар клубҳои шабона ба хушгузаронӣ сипарӣ мекардааст ва танҳо моҳҳои охир якбора фаранҷӣ ба сар намуда, ба шабакаҳои интернетии хурофотӣ пойбанд шудааст.
Бародари ӯ Юсуф Аитбуласен дар ин бора гуфтааст: «Ӯ дар олами худ зиндагӣ мекард. То замони мазҳабӣ шуданаш, азбаски либоси хосса мепӯшид, тахаллуси «Ковбой»-ро дошт. Боре ҳам дар дасти ӯ китоби муқаддаси Қуръонро надида будам. Ҳамеша бо телефон тавассути Facebook ва WhatsApp машғули cуҳбат бо касе буд».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






