Модари Асна Аитбуласен: духтарам қурбонии мағзшӯии ифротгароён шуд

Ноябрь 20, 2015 05:50

Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ Ховар).-  Модари Асна Аитбуласен — зани 26-солаи маргталабе, ки ҳангоми амалиёти махсуси полис дар шаҳри Сан-Дении атрофи Париж тавассути камарбанди маргбор худро тарконид, ба ВАО гуфтааст, ки духтари ӯ қурбонии мағзшӯӣ гардидааст.
 Гуфта мешавад, ки ин зани маргталаб хоҳарзодаи  сарпарасти амалҳои террористии Фаронса Абдулҳамид Абауд будааст, ки ахиран дар як амалиёти зиддитеррористии полиси Фаронса маҳв карда шуд.  
Тибқи гузориши рӯзномаи «Times”, Асна ҳанӯз як сол пеш бештари вақти худро дар клубҳои шабона ба хушгузаронӣ сипарӣ мекардааст ва танҳо моҳҳои охир якбора фаранҷӣ ба сар намуда, ба шабакаҳои интернетии хурофотӣ  пойбанд шудааст.
Бародари ӯ Юсуф Аитбуласен дар ин бора гуфтааст: «Ӯ дар олами худ зиндагӣ мекард. То замони мазҳабӣ шуданаш, азбаски  либоси хосса мепӯшид, тахаллуси «Ковбой»-ро дошт. Боре ҳам дар дасти ӯ китоби муқаддаси Қуръонро надида будам. Ҳамеша бо телефон тавассути Facebook ва WhatsApp  машғули cуҳбат бо касе буд».

Ноябрь 20, 2015 05:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид