Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ
Қӯрғонтеппа, 19.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбари USAID дар Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд мулоқот анҷом дод.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷараёни мулоқот аз рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят нақл кард. «Солҳои охир рушди истеҳсолот назаррас буда, ба масоили тандурустӣ ва таъмини беморхонаҳои вилоят бо таҷҳизоти муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Бахши кишоварзӣ ҳам рушд меёбад. Таъмини деҳаҳои дурдаст бо оби нӯшокӣ низ масъалаи муҳим ба шумор меравад», — гуфт раиси вилоят.
Кэтлин Макдоналд дар навбати худ изҳор дошт, ки дар ин рӯзҳо Агентии оид ба рушди байналмилалии ИМА лоиҳаҳои мухталифро дар амал татбиқ менамояд, ки ба рушди ҷомеа мусоидат мекунанд.
Қайд шуд, ки барои татбиқи ду лоиҳаи нави бахши бехатарии маводи озуқа бояд корҳои зарурӣ анҷом дода шаванд. Лоиҳаи мазкур барои давраи то соли 2020 пешбинӣ шуда ва дар 12 ноҳияи вилоят дар амал татбиқ мегардад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






