Мубориза бар зидди маводи нашъаовар
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 24 ноябри соли равон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Норак ду сокини 24-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъаовар дастгир шуданд. Дар вақти кофтукови мошини тамғаи “КИА Оптима”, ки ба яке аз онҳо тааллуқ дошт, 1 килограмму 460 грамм маводи нашъадори “героин” дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Чкалов сокини 42-солаи ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 170 грамм маводи нашъадори героин ва 1 килограмму 935 грамм маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Дар маҷмӯъ, тайи шабонарӯзи гузашта кормандони милитсия зимни бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 3 килою 565 грамм маводи нашъаоварро дарёфт ва мусодира намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






