Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси энергетикии Олмон (DENA)
Душанбе, 3.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 30 октябри соли ҷорӣ дар бинои Агентии энергетикии Олмон мулоқоти кории Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо раиси Агентии энергетикии Олмон (DENA) Андреас Кулманн ва раиси ширкати олмонии „DPU Investment GmbH“ Петер Урбан доир гардид.
Зимни вохӯрӣ нақшаи ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи энергетика ва лоиҳаҳои ин бахш баррасӣ гардида, дипломати тоҷик оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва самаранокии истифодаи он, масъалаҳои таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузориҳои Олмон дар бахши энергетикии кишвар, махсусан татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва истифодаи дигар манбаъҳои неруи таҷдидшаванда сухан гуфт. Ҷонибҳо дар атрофи зарурати пайгирии муштараки масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳо дар ин бахш табодули назар карданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






