Намоишгоҳи байналмиллалии таълимӣ — туристӣ дар Қурғонтеппа
Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ «Ховар») -Дар Кохи Ватани шаҳри Қурғонтеппа 17-умин намоишгоҳи байналмиллалии таълимӣ — туристӣ ва инноватсионӣ (НБТТИ — 2015) баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ТҶҶ Созандагони Ватан, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав, коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштирок доштанд. Зикр шуд, ки Ширкати муштараки байналмиллалии Тоҷикистон-Малайзия ТМ- International тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кумитаву идораҳо 17 — умин намоишгоҳи байналмиллалии таълимиро дар манотиқи мухталифи кишвар доир намояд. Намоишгоҳи мазкур ба толибилмон ва хоҳишмандон имкон медиҳад, ки аз тарзи таҳсилу омӯзиш дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ иттилои бештар пайдо намоянд. Дар намоишгоҳ равияи илмҳои дақиқ, технологияи информатсионӣ, соҳаи муҳандисию архитектура фаҳмонида мешавад, зеро ҷумҳурии мо ба мутахассисони чунин соҳаҳо ниёз дорад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






