Нашри китоби «Парчам» дар нашриёти «ЭР-граф»

Ноябрь 13, 2015 12:43

         «Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан  ба тамоми арзишҳои  дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст»

                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе, 13.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Дар остонаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, нашриёти «ЭР-граф»-и Душанбе китоби машваратчии калони котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Иброҳим Пирназарзодаро таҳти унвони «Парчам» аз чоп баровард.

Китоб таҳти назари Анвар Асадзода-мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ нашр гардида, номзади илми таърих  Муҳиддинзода  Раҳматшоҳ муҳаррири китоб мебошад. Китоб бо сифати баланд чоп гардида, аз чор боб: «Суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи Пачами давлатӣ», «Мафҳуми парчаму парчамдорӣ», «Парчаму парчамдорӣ дар замони истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  ва «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба парчаму парчамдорӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат аст.

Бояд тазаккур дод, ки парчам ҳамчун  рамзи давлатӣ  дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хосса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи  беш аз 4000 –сола дорад. Китоби «Парчам» кӯшише дар самти баёни баъзе паҳлуҳои  рисолати парчамдории  тоҷикон ва муаррифии мақому манзалати  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад. Хонанда имкон дорад ҳангоми  мутолиаи китоби «Парчам» оид ба мафҳуми парчам ва дигар муродифҳои он,  муҳтавои суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , заминаҳои ҳуқуқии  рамзҳои давлатӣ, мазмун ва маънои  баъзе шаклҳои барқароршудаи  парчамҳои милливу  давлатии тоҷикон  ва мавқеи ҷаҳонии парчам маълумот пайдо намояд.

Муаллифи китоби «Парчам» Иброҳим Пирназарзода ба  олимону донишмандони кишвар- Абдуҷаббор  Раҳмонзода, Саймуддин Додихудоев, Абдувалӣ Шарифзода, Раҳматшоҳ Муҳиддинзода ва Абуддулло Хоҷаев барои ҳамкорӣ арзи сипос баён менамояд.  

Ноябрь 13, 2015 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ