Нуробод: Ливои бахту саодат ҳамвора парафшон бод!
Нуробод, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар даромадгоҳи шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Парчами давлатии ҷумҳурӣ дар баландии 35 метр афрохта шудааст, ки дирӯз дар назди он зери унвони «Парафшон бод Парчамат, Тоҷикистони азиз » бо иштироки зиёда аз 2000 ҷавону сокинони ноҳия бо парчамчаҳои миллӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид.
Ҳамчунин дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир, роҳбарияти ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва сокинони ноҳия маҷлиси тантанавӣ доир шуд. Дар ҷамъомад Суруди миллӣ садо дод ва раиси ноҳия сокинони ноҳияро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик намуда, гуфт, ки: «Парчами миллии мо нишона аз таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозию парчамдориро гиромӣ медоштанд. Бинобар ин арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, Сарқонун, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар миёни мардум ва пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат гирад».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






