Оила чун рукни ибтидоии ҷомеа бояд зимни интихоби бошуурона ташкил ёбад
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ Ховар). — «Дар даврони соҳибистиқлолӣ оилаи тоҷик сол ба сол ташаккул ёфта истодааст, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосатан Сарвари давлат барои солимгардонии оилаи имрӯзаи тоҷик қонун, санад ва қарорҳои махсуси зиёдеро ба имзо расонидаанд, ки бо шарофати онҳо сатҳи устувории оилаҳо баланд шуда истодааст»,- иброз намуд муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло дар машварати омӯзишӣ, ки бо ҷалби мутахассисон ва ҷавонони фаъол бо мақсади такмили малакаи ҷавонон дар самти бунёди оилаи солим дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.
Амирбекзода Ҳабибулло афзуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаи нав ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофу малакаи худи инсон низ вобаста аст. Оила ҳамчун рукни ибтидоии ҷомеа бояд зимни интихоби мақсаднок ва бошуурона ташкил ёбад.
Гарчанде ҷавонон дар ташкили оилаи худ мустақиланд, аммо ҷомеа ва давлат ҳеҷ гоҳ нисбат ба ин масъала бетарафу бетафовут набуда, балки дар хушбахтиву пойдории он ҳамеша манфиатдор мебошад.
Дар машварат дар мавриди вайроншавиҳои оилаҳои ҷавон иброз доштанд, ки омӯзиши вайроншавии оилаҳо ба он далолат мекунад, ки бештари оилаҳо бо сабаби ҳамаҷониба омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ба вуҷуд меоянд. Мутаассифона, дар ин ҷабҳа на оила ва на мактаб саҳми зарурӣ нагузошта истодаанд. Аз ин рӯ татбиқ намудани чорабиниҳои муайян, аз ҷумла машваратҳои омӯзишӣ дар ин самт бартарият пайдо мекунанд.
Машварат бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






