Ғолибияти варзишгари «Динамо» дар мусобиқаи байналмилалӣ
Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -13-15-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди таэквандо — ВТФ баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Эрон ширкат карданд.
Дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ намояндагони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ низ обрӯю нуфуз ва шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намуданд.
Мураббии калони варзиши қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД майори хизмати дохилӣ Сайдуллоев Умед Ҳикматуллоевич бо кӯшишу ғайрати худ ба финал баромада, ба рақиби худ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастболо гардид. Дар натиҷа Умед Сайдуллоев ба гирифтани ҷойи аввал ва медали тилло мушарраф шуд.
Ҳамчунин муаллими варзиши қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ капитани хизмати дохилӣ Ғиёсов Хусрав Ҳаитбекович дар ин мусобиқаи байналмилалӣ довариро ба уҳда дошта, бо маҳорату малакаи касбӣ ба гирифтани унвони «Беҳтарин довари мусобиқа» сарфароз гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






