Ғолибони озмуни “Мураббии сол-2015” муайян шуданд
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ Ховар).-19 ноябр дар толори Кӯдакистони президентии шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни “Мураббии сол-2015” баргузор шуд.
Дар натиҷа аз 6 довталаб дар даври дуюми озмун мураббия Садоқат Атаева аз кӯдакистони №9-и ноҳияи Б.Ғафуров ва мураббия Муқаддас Ҷӯраева аз Кӯдакистони президентӣ ҷойи якум, мураббия Ҷамила Бобомуродова аз кӯдакистони №1-и шаҳри Панҷакент ва мураббия Таҳмина Зиёева аз кӯдакистони №18-и шаҳри Хуҷанд ҷойи дуюм, мураббия Шаҳноза Бобоева аз кӯдакистони №1-и ноҳияи Ғончӣ ва мураббия Мавлуда Юнусова аз кӯдакистони №4-и шаҳри Чкалов ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Мураббия Садоқат Атаева аз кӯдакистони №9-и ноҳияи Б.Ғафуров ва мураббия Муқаддас Ҷӯраева аз Кӯдакистони президентӣ ғолиби даври дуюми озмун гардида, ҳуқуқи иштирок ба даври озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии сол”- ро пайдо намуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






