Омодагии Муассисаи нигоҳдории роҳҳои Хуҷанд ба давраи зимистон

Ноябрь 28, 2015 07:32

   Хучанд, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Баҳри омодагии саривақтӣ ба фасли сармо ва дар ин замина захира намудани маводи зарурӣ роҳбарияти Муассисаи нигоҳдории давлатии роҳҳои мошингарди шаҳри Хучанд тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. 
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз  муассисаи мазкуцр иттилоъ доданд, то 20 ноябр  аз ҷониби коргарони муассиса беш аз 55 км роҳҳои ҳудуди шаҳр  таъмиру қирпӯш шуданд, ки ин нишондод аз нақша зиёд буда, кормандони муассиса азм доранд бо истифода аз боду ҳавои мусоид таъмири чанд кӯчаи дигари шаҳрро ба анҷом расонанд. 
Ҳамчунин барои  зимистонгузаронӣ аз ҷониби коргоҳ 300 тонна маводи зиддилағжиш, аз ҷумла 200 куб қум ва 30 тонна намак захира шуда, барои беш аз 50 нафар коргарон низ либосхои зимистона харид шудааст ва 10 техникаи зарурӣ аз таъмир бароварда шуда, омодаи кор аст.    

 

Ноябрь 28, 2015 07:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ