Омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2016

Ноябрь 21, 2015 08:00

Душанбе, 21.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки  20 ноябр дар Душанбе  барпо гардид, масъалаи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд, барои омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 талош доранд. Аз байни онҳо то ҳоло танҳо як нафар — гурзандоз Дилшод Назаров соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст.
Тавре ки аз Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур, ки таҳти раёсати дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев сурат гирифт, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки кишвар Дилшод Назаров, раиси Федератсияи гӯштини озод ва гӯштини юнониву румӣ Саламшо Муҳаббатов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев ва сардори шуъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпӣ Маҳмуд Абдуллоев роҷеъ ба омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2016 таклифҳои судманд пешниҳод карданд.      
Дар  ҷаласа Муҳаммадшо Абдуллоев, роҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия таъйин гардид.
Инчунин бо тасмими кумитаи иҷроия комиссияҳои доимии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

 

Ноябрь 21, 2015 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ