Ҷон Керри: «ИМА аз хатари «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» огоҳанд»

Ноябрь 2, 2015 12:45

Душанбе, 02.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти ҳар як кишвари Осиёи Марказиро эътироф мекунанд. Кишварҳои минтақаро зарур аст, ки миёни ҳам муносиботи қавӣ ва мутақобилан судманд дошта бошанд», — гуфт Котиби давлатии Амрико Ҷон Керри зимни мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ. 
Котиби давлатии ИМА ва вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Самарқанд зимни вохӯрӣ эъломияи муштарак қабул карда, бастаи нав «Панҷ ҷамъи  як» (C5 + 1) — ро таъсис доданд. 
Дар ин санад азми ҳамкории қавитари иштирокдорони музокирот оид ба доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла оид ба мубориза бар зидди хариду фурўши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва субот дар Афғонистон дарҷ ёфтааст. 
Ҷон Керри вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказиро бовар кунонид, ки Вашингтон низ дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вазъи Афғонистон нигарон аст. Ба гуфтаи Ҷон Керри, ИМА аз хатари гурӯҳҳои ифротгаро «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» огоҳанд.
Имрӯз, 2-юми ноябр Ҷон Керри ба шаҳри Остона ташриф овард. Баъд аз Қазоқистон Ҷон Керри ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Ноябрь 2, 2015 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ