Оромии мардумро халалдор насозед, вагарна муҷозот мешавед!

Ноябрь 4, 2015 08:55

Душанбе, 04.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Минбаъд нисбат ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва мансабдороне, ки ба сохтмони иморату хонаҳо  машғуланду бо садои баланди техникаю таҷҳизоти сохтмонӣ аз соати 23:00 -и шаб то соати 6:00 субҳ оромии мардумро халалдор менамоянд,  муҷозоти маъмурӣ ҷорӣ мешавад. Дар иртибот ба ин 4 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони  кишвар ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид намуданд.           
Бахтовар Сафаров-вакили Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи тағийру иловаҳо ба моддаи 462 -и Кодекси мазкур нисбат ба шахсони мансабдор, ки иморат бунёд менамоянду шабонгоҳ оромии мардумро бо садои баланди техникаю таҷҳизоти сохтмонӣ халалдор месозанд, аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобот ё худ ба маблағи аз 200 то 280 сомонӣ ҷарима ситонида мешавад. Барои шахсони воқеӣ ё худ шаҳрвандон аз  2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобот ё худ 80 -120 сомонӣ қонунгузорӣ ҷарима муайян намудааст. Ин нишондод барои шахсони ҳуқуқӣ — ширкату корхонаҳои сохтмонӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобот  ё 400-800 сомонӣ муҷозоти маъмурӣ муайян гардидааст. 
Бахтовар Сафаров афзуд, ки дар сурати такрор ёфтани қонуншиканӣ андозаи ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба афроди мазкур баланд бардошта шуда, барои шахсони воқеӣ-шаҳрвандон  аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобот ё  200-280 сомонӣ, барои мансабдорон 10-15 нишондиҳанда барои ҳисобот- 400-600 сомонӣ ва барои  шахсони ҳуқуқӣ ё корхонаю ширкатҳои сохтмонӣ аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобот, ки баробар ба 800 -1200 сомонист, муқаррар мешавад..

Ноябрь 4, 2015 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ