Парафшонии Парчами миллӣ дар Ҷиргатол
Ҷиргатол, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз сокинони ноҳияи Ҷиргатол бо роҳпаймоии зиёда аз 3000 сокини ноҳия Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд. Зимни роҳпаймоӣ парчами 100 метр дарозидоштаро ҷавонони ноҳия бардошта, аз майдон гузаштанд.
Ҳамчунин дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, роҳбарони моқомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва аҳли ҷамоат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир сокинони ноҳияро табрик намуда, гуфт: «Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, 24 ноябри ҳар сол Рӯзи парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад».
Инчунин санъаткорони ноҳия бо барномаи консертӣ хотири иштироккунандагонро болида гардонданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






