Парчам ифтихори давлату миллат аст
Душанбе, 24. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҷамъомадагонро бо Рӯзи парчам табрик намуда, гуфт, ки парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки фарзандони Ватан бо он савганд ёд мекунанд ва дар назди он сар фуруд меоранд.
“Шарафу эътибори парчам дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ҳимояву пуштибонӣ гашта, таҳқири парчам таҳқири гузаштаву имрўза ва ояндаи ҳар як халқ ва ифтихори давлату давлатдории он маҳсуб мешавад”,-зикр намуд ректори донишкада.
Ноиби ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Ҷамила Худойбердиева, аз ҷумла баён дошт, ки Парчам муқаддасотест, ки баёнгари таъриху фарҳанги ҳар миллат буда, гузаштаву имрўза ва ояндаро бо ҳам мепайвандад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






