Пардохти нафақаю ёрдампулӣ баробари 99,8 % иҷро шуд

Ноябрь 4, 2015 06:41

Душанбе, 04.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи  маълумоти Бонки  давлатии  амонатгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» тайи  9 моҳи  соли  равон  дар  ҷумҳурӣ  беш  аз 617  ҳазор нафар  нафақагирон  ба  қайд  гирифта  шуд. Маблағи  пардохт  ва ёрдампулӣ  бо  дарназардошти  бақияи он   1  миллиарду  261  миллиону 700 ҳазор  сомонӣ ё 99,8  фоизи нақшаро ташкил  дод. 
Ҳамзамон  маблағи тахсисдодаи Агентии  давлатии  суғуртаи  иҷтимоӣ ва  нафақаи  назди Ҳукумати  ҶТ то  1  октябри  соли равон  баробари 1 миллиарду  255  миллиону 200  ҳазор  сомонӣ  буд. 

Ноябрь 4, 2015 06:41

Хабарҳои дигари ин бахш