Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша

Ноябрь 4, 2015 10:03

Душанбе. 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу ҳаракатҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ байни роҳбарон ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, намояндагони рӯҳониён ва варзишгарони шаҳри Хуҷанд мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот сардори шуъбаи раёсати Кумитаи амнияти миллии ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Шодиҷон Тӯраев, сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов, дотсенти кафедраи «Таърихи ватан»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Шавкат Шарипов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Ихлос»-и шаҳри Хуҷанд Абдуҳамид Ғаниев доир ба  максадҳои ғаразнок ва нопоки роҳбарону пайравони ин гурӯҳҳои зиддидавлатӣ, ки аз номи дини Ислом ҳарф зада, барои  мардум бадбахтию  ноамнӣ, хунрезию харобӣ меоранд, сухан гуфтанд.  

Ноябрь 4, 2015 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад